Ромит – гавҳари Ваҳдат
Минтақаи сайёҳии дараи Ромит миёни дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷойгоҳи намоён дорад ва бо кӯҳҳои сабзи баланд, оби софи шифобахш, ҳайвоноти нодир ва растаниҳои шифобахш, дар маҷмӯъ, бо табиати зебо ва нотакрор маъруф аст. 18 сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дараи Ромит "Минтақаи сайёҳии Тоҷикистон" эълон шуд. Он масоҳати 16 200 гектарро дарбар мегирад ва ба Мамнӯъгоҳи давлатии табиии "Ромит" дохил мешавад, дарозиаш то 50 километр мерасад. Дараи зебоманзар дар саргаҳи дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст ва ба шарафи деҳаи зебои Ромит номгузорӣ шудааст. Дар ин ҷо меҳмонхонаҳои муосир, тарабхонаҳо ва чойхонаҳои миллӣ сохта шудаанд, ки тамоми сол садҳо сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷиро қабул мекунанд. Инчунин, дар Ромит чашмаи шифобахши "Зайрон" мавҷуд аст, ки дар қатори дигар чашмаҳои гарми кишвар машҳур мебошад. Ин оби шифобахш барои табобати бемориҳои миёндард, пой ва буғумҳо муфид аст. Дар ҳамин ҷо хоҷагиҳои ҷангали Кофарниҳон ва Ромит, гармхонаҳои тобистона, фермаҳои парвариши гулмоҳӣ, занбурпарварӣ, якчанд минтақаҳои истироҳатии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ мавҷуданд. Ҳар сол дар дараи Ромит лагерҳои тобистонаи "Ҳамсафар", "Афсонаи кӯҳӣ", "Кайҳон", "Булбулакон", "Явроз" ва ғайра фаъолият мекунанд, ки дар онҳо наврасон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони боистеъдод ва ҷавонон аз коргоҳҳо, идораву кумитаҳои гуногун истироҳат мекунанд. Дар дараи Ромит дарё бо ҳамин ном ҷорист, ки дар он гулмоҳӣ мавҷуд аст. Дар минтақаи кӯҳӣ, махсусан дар мамнӯъгоҳи "Ромит", табиати бою рангин ва растаниҳои шифобахш маҳфуз мондаанд. Фаунаи мамнӯъгоҳ дорои бузҳои кӯҳӣ, хукҳои ваҳшӣ ва дигар намуди ҳайвонот ва парандагон мебошад. Яке аз дастовардҳои муҳими мамнӯъгоҳ – мутобиқгардонии сунъии оҳуи бухороӣ ва ҳифзи фонди генетикии маҷмӯъҳои табиӣ аст. Обҳои булӯрии ин минтақа ба кас илҳомбахшу руҳафзо буда, манзараҳои зебояш диққати касро ба худ ҷалб мекунанд.