ТУРСУНЗАДА
даврони қадим ва муосир
Шахри Турсунзода – воҳиди маъмурии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ғарби Тоҷикистон аст. Он бо Ҷумҳурии Узбекистон ҳамсарҳад мебошад. Шаҳр як қисмати водии дарёи Сурхондарёро ишғол мекунад ва қисми шимолии он дар пастхамиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст.
Ҳудуди шахр дар сарҳади вилоятҳои таърихии Бохтар ва Суғд ҷойгир шудаанд, ки дар даврони қадим ба давлатҳои гуногун тааллуқ доштанд.

Шаҳри Турсунзода бо номи «Регар» ҳанўз аз асри 14 ва деҳаи мащҳури он - Қаратоғ бошад, аз асри 18 маълум буданд. Дар нимаи дуюми асри 19 ин минтақа таҳти ҳокимияти амирони Бухоро қарор гирифт, ки он вақтҳо зери протекторат ё худ ҳимояи Империяи Рус буд. Аҳолии шахр бо ҳунармандӣ машҳур буданд (махсусан бо истеҳсоли маснуоти пӯлод ва чарм).


Ноҳияи Регар ҳамчун ҳудуди маъмурӣ соли 1935 таъсис ёфт ва соли 1978 бинобар тағйири ном ба ноҳияи Турсунзода иваз карда шуд.
Иқтисодиёти шаҳр асосан бар зироаткорӣ ва саноат такя мекунад. Яке аз пешсафони саноати шахр ин корхонаи алюминии Турсунзода мебошад.
Қаторкӯҳи Ҳисор дар байни дӯстдорони сафарҳои кӯҳӣ хеле маъмул аст. Махсусан, бо манзараҳои таърихӣ-фарҳангии мамнӯъгоҳи Ширкент, ки дар он ҷо кас метавонад на танҳо бо манзараҳои зебои дара ва кӯҳҳо лаззат барад, балки бо харобаҳои маҳаллаҳои қадимӣ (Кирғизқишлоқ) ва инчунин, бо осори боқимондаи динозаврҳо низ шинос шавад.

Дастгоҳи маъмурӣ дар шаҳри Турсунзода ҷойгир аст, ки ба ифтихори Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст. Шахрро роҳи оҳан ва шоҳроҳ бурида мегузарад, ки аз Душанбе ба самти Узбекистон мебарад.

Имрӯз Турсунзода – як шаҳри муосирест, ки дар он хонаҳои бисёрошёна, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, беморхонаҳо, иншооти варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуданд.
Турсунзода на танҳо макони фарҳангӣ ва гастрономӣ аст, балки бо мероси бойи фолклорӣ, ки ҳар меҳмон метавонад чизе барои худ пайдо кунад, машҳур аст.
Турсунзода:

Шаҳри зебо
Минтақаи истироҳатии Қаратоғ дар дараи кӯҳӣ
Боғи таърихиву табиии «Ширкент»
Ҳунарҳои миллии дастӣ
Ёдгориҳои таърихӣ
Боғҳои беинтиҳои токзор
Заводи бузурги алюминий
Дастаи футболи шаҳр, ки ҳафт маротиба чемпиони Тоҷикистон шудааст
Нуқтаи назоратӣ бо Ӯзбекистон.

Ёдгориҳои тарихӣ

Дар шахри Турсунзода мувофики фехрасти ёдгориҳои таърихӣ 112 адад ёдгории мероси таърихию фарҳангии хусусияти махаллӣ ва чумхуриявӣ дошта арзи хастӣ доранд, ки аз онхо 96 ёдгории бостонӣ, 11 ёдгориҳои меъморӣ ва 4 ёдгории монументалӣ мебошанд.
Мақбараи Хоҷа Нақшрон

Мақбараи Хоҷа Нақшрон яке аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Турсунзода аст, ки ба санъати меъмории асрҳои X – XI марбут буда, он дар деҳаи Хоҷа Нақшрон ҷамоати Турсун Тўуйчиев ҷойгир шудааст. Ин мақбара дар охири асри XII ва аввали асри XIII сохта шудааст. Барои сохтани мақбара хиштҳои пухта истифода шудаанд ва дар пояи он нақшҳои мураккаби ҷолибе аз хиштҳои ҳамвор кашида шудаанд, инчунин дар деворҳои мақбара оятҳои Қуръон бо хати арабӣ ҳамчун нақш ҷой дода шудаанд.

Мақбараи Эшони Ҳидоятулло Офоқхоҷа

Мақбараи Эшони Ҳидоятулло Офоқхоҷа - яке аз шахсиятҳои олами дин, соли 1093 ҳиҷрӣ бунёд гардида, ба соли 1715-и мелодӣ (оғози асри XVIII) мувофиқат мекунад. Дарозӣ ва бари қабр ба 2,6 х 1,4 метр баробар аст. Мақбара дар масофаи 215 метр дуртар аз қалъаи Қаратоғ ҷойгир шудааст.

Эпиграфикаи «Санги бузургвор»

Дар канори деҳаи қадимаи Қаратоғ ягона ёдгории таърихие мавҷуд аст, ки аз сокинони аввалини ин деҳа муҳоҷирон аз шаҳри Самарқанд будани онҳо шаҳодат медиҳад. Ин ёдгорӣ эпиграфикаи «Санги сандуқ» ё «Санги муқаддас» ном дорад. Дар ин санги хоро навиштаҷотҳое ҳастанд, ки ба соли 1112 ҳиҷрӣ (асри XVIII) тааллуқ доранд.

Минтақаҳои табиӣ

Ширкент
Боғи таърихиву табиии Ширкент яке аз зеботарин гӯшаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин боғ дар 70 км аз Душанбе, дар қисми шимолии Турсунзода, дар ҳавзаи дарёи ҳамном, дар доманаҳои қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир шудааст. Масоҳати боғ 3000 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди Ширкент дар давраи дерюра (аз 160 то 140 миллион сол пеш) динозаврҳо зиндагӣ мекарданд ва то имрӯз изи сангшудаи онҳоро метавон дид. Ин ёдгории табиат тақрибан 40 иншооти беназирро дар бар мегирад.

Аз ҳама муҳимаш, се гурӯҳи изи динозаврҳо мебошанд, ки шумораи умумии изи онҳо зиёда аз 400 ададро ташкил медиҳад.
Ба боғи табиию таърихии Ширкент инчунин, дараи Қаратоғ дохил мешавад, ки дар ҳавзаи дарёи ҳамном ҷойгир аст. Манзараҳои зебои табиӣ, осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ ҳар сол шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.
Дар қисми шимолии боғи Ширкент деҳаи дурдаст бо номи Пашми Кӯҳна ҷойгир аст, ки сокинонаш намедонанд, ки ин деҳа чанд муддат инҷониб арзи ҳастӣ дорад. Ин деҳаи хурд бо 7 оила дар пасманзари зебои табиӣ, дар байни кӯҳҳои баланд ва афсункор воқеъ шудааст.
Ангурбоғҳои Турсунзода

Турсунзода танҳо маркази саноатӣ нест. Дар гирду атрофи шаҳр боғҳои беҳудуд, кишти зироати кишоварзӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо деҳқонони заҳматкаш фаъолият мекунанд.
Тибқи маълумоти ҷорӣ, масоҳати боғҳо ва токзорҳо 5980 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 4190 гектарро токзорҳо ва 1790 гектарро боғи меваҳои гуногун ташкил медиҳанд.
Ҳар як сайёҳе, ки ба Турсунзода меояд, бояд ҳатман ба боғҳои машҳури ангур ташриф орад, то кибо ангурҳои мисли асал ширинаш меҳмоннавозӣ карда мешавад.
Моҳидорӣ

Дар Турсунзода соҳаи моҳипарварӣ ба таври васеъ рушд кардааст. Дар ҳудуди шахр 30 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 34,2 гектар мавҷуд аст, ки дар онҳо моҳии гулмоҳӣ, карп ва амури сафед парвариш карда мешаванд.Барои сайёҳон ин метавонад на танҳо як саёҳат, балки як вақтхушӣ бо аксбардорӣ бошад.Ин намуди истироҳат дар Турсунзода тоза рушд менамояд.
«HAND MADE»
Ҳунарҳои дастӣ дар байни халқҳои Тоҷикистон аз қадимулайём роиҷ буд. Дар тӯли асрҳо матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, ороишоти заргарӣ ва бисёр чизҳои дигарро эҷод мекарданд. Дар Тоҷикистон сулолаҳои ҳунармандони мардумӣ мавҷуданд, ки ҳунари қадимаро аз насл ба насл интиқол медиҳанд.

Дар Турсунзода низ чунин ҳунармандон зиёданд...

Бозори Шарқӣ
Ҳар сайёҳе, ки ба ҳар шаҳри Осиёи Марказӣ меояд, бояд ҳатман аз бозори маҳаллӣ дидан намояд. Замоне дар Шарқ устоҳо дар дӯконҳои худ нишаста, дар онҷо маснуоти худро месохтанд ва онро дарҳол дар ҳамон ҷо мефурӯхтанд.
Аммо дар шаҳрҳои муосир ин гуна манзараҳо камёб шудаанд. Турсунзода низ истисно нест. Дар ин шаҳр гарчанде дӯконҳои ҳунармандон камёб бошанд ҳам, дар бозор дўконҳои зиёди маснуоти дастисохт мавҷуданд. Пас, ҳар кас, ки бозори маҳаллиро дидан кунад, ҳатман барои худ як туҳфа ё як маснуоти "Hand Made" пайдо хоҳад кард.
Зардузӣ

Истеҳсоли тӯппӣ ё тоқӣ дар ҳар давру замон ҳамаҷониба рушд мекард. Тӯппӣ ҳамчун сарпӯши мардон дар ҳар минтақа хусусиятҳои хоси худро дошт. Дар тӯппиҳои занона анъанаҳои асили халқӣ, гуногунии усулҳои суннатии ҳунармандон, тасаввуроти зебоӣ ва ҳамоҳангӣ, ки тўли солиёни зиёд такомул ёфтаанд, истифода бурда мешаванд. Дар солҳои охир, бо эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъати зардузӣ низ эҳё шуда истодааст. Дар бозори Турсунзода дар растаҳои махсус ҷомаҳои зардўзии мардона, нимтанаҳои кӯтоҳ ва дарози занона, тӯппиҳои зардузӣ, пойафзолҳоизардузишуда, камарбанд ва ҳамёнҳои дастисохтро пайдо кардан мумкин аст. Дар Турсунзода, мисли дигар минтақаҳои кишвар, бо ин навъи ҳунар асосан занон машғуланд.
Солҳои охир, маснуоти зардузӣ боз маъруфият пайдо кардааст. Ҳамчун туҳфа аз сафари Тоҷикистон, хилъату ҷома ё тӯппии зардузиро барои хотира метавон харидорӣ намуд.

Бо муҳаббати усто
Яке аз ҳунарҳои анъанавӣ ин омода кардани гаҳвора барои кӯдакон мебошад. Гаҳвораро аз чӯби чормағз, зардолу ва қисми поёнашро асосан аз тут месозанд. Дарозиашон 92 см то 1-1,5 метр, барашон 35-45 см ва баландии он 50-60 см мебошад. Аз ҷиҳати шакл ва андоза гаҳвораҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар умум якхелаанд. Аммо дар наққошӣ, нигориш ва ороиши умумӣ хусусиятҳои хоси худро доранд.
Ҳунармандон ҳангоми омодасозии гаҳвора бо меҳр суханони табрикотиро барои тифли ояндаи он такрор мекунанд. Онҳо тамоми муҳаббати худро ба ин маснуот сарф мекунанд. Гаҳвораҳои аслӣ, инчунин шаклҳои хурди он ба ҳайси бозича барои духтарон дар бозори Турсунзода дидан мумкин аст. Дар баробари ин, маснуоти дигари чӯбинро аз мебел то туҳфаҳои асили чӯбин пайдо кардан мумкин аст.

Ҳамаи маснуоти дастисохт аз ашёи хоми табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда шудаанд. Имрӯзҳо бисёр аз ин ашёҳо ба савғотӣ табдил ёфтаанд, ки дар байни меҳмонони хориҷӣ хело қадр карда мешаванд.
Аз паи кулолгарони қадим

Кулолгарӣ дар тӯли асрҳо яке аз пешрафтатарин навъҳои ҳунармандӣ дар Осиёи Миёна буд. Ин ҳунар дар ҳар як минтақа дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад, ки дар гуногунии шаклҳо, ороиши нақшу нигор ва рангҳои махсус аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
ҚОЛИНБОФӢ

Дар замони ҳозира истеҳсоли қолинҳо дар Тоҷикистон дубора эҳё шуда, кори дастӣ хеле қадр карда мешавад. Имрӯз, чун дар тамоми кишвар, дар Турсунзода ҳам қолинбофӣ рушд мекунад. Ҳунармандони моҳир расмҳои суннатиро, ки ба ҳар як минтақа хосанд, дубора эҳё мекунанд ва онҳоро бо унсурҳои худ ғанӣ мегардонанд, ки он маҳсули кори онҳоро хеле табиӣ мегардонад. Ҳунармандон қолинҳои дорои пати дароз ва пати кӯтоҳ мебофанд, ки вобаста ба истифодаи маводи табиӣ аз рӯйи сифат фарқ мекунанд.

ҚУРОҚДӮЗӢ

Хонаҳои тоҷикӣ ҳамеша аз порчаҳои хурди матоъ дӯхташуда зеб дода мешуданд. Чунин тарзи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон бо номи «қурок» маъруф аст: аз порчаҳои хурди матоъ шаклҳои хурди геометрӣ медӯхтанд ва аз онҳо болишт, кӯрпа ва қолинчаҳо омода мекарданд. Қуроқ дар Тоҷикистон аз асри XVII маъмул шуда, дар минтақаҳои гуногуни кишвар хеле машҳур аст. Тибқи ривоятҳо, ромби машҳур (чоркунҷаи ҳамвор), ки аксар вақт тасвир мешавад, рамзи занро ифода мекард. Одамон бовар доштанд, ки агар зани бенасл ба паси пардае, ки бо порчаҳои хурд дӯхта шудааст, дохил шавад, орзуи модар шуданаш амалӣ хоҳад шуд.

МАТОИ ДАСТИСОХТ

Дар Турсунзода, чун дар тамоми Тоҷикистон, ҳунармандӣ рушд меёбад. Ҳунармандони маҳаллӣ адрас – матои абрешимии бо нақшҳои рангин оро додашударо ба таври дастӣ мебофтанд. Адрас яке аз навъҳои матои абрешимӣ мебошад, ки хусусият ва анъанаҳои тоҷиконро инъикос менамояд. Матои дастисохти ҳунармандон намои рангҳои дурахшони нодир, сохтори ҳамвор дошта, дар худ меҳрубонӣ, воқеият ва нерўи калонро ифода мекунад.

КУЛОЛГАРИИ НАҚҚОШӢ

Кулолгарӣ дар Осиёи Миёна ҳамеша маъмул буд. Дар он нақшу зањмати наққошон, ки маснуоти кулолгаронро оро медиҳанд, хеле калон аст. Нақшу нигори онҳо анъана ва ҷаҳонбинии минтақаҳои гуногунро таҷассум намуда, бо сифати аълои худ фарқ мекунад.

Ҳангоми ороиши маснуот устоҳо аксњои гуногунрангро истифода мебаранд. Ҳатто, бо гузашти солҳои зиёд он намуди худро гум намекунанд ва метавонанд як туҳфаи аълое барои хотира аз сафар ба Тоҷикистон шавад.

САБАДҲОИ ДАСТИСОХТ

Дар бозори Турсунзода маснуоти гуногуни ҳунармандони санъати амалӣ мавҷуд аст, ки дар байни онҳо шоҳкориҳои ҳақиқӣ аз навдаҳои бед фарқ мекунанд, ки аз онҳо чашм кандан душвор аст. Аз навдаю шохаҳои тозанокарда сабадҳои маишӣ, панҷара ва айвонҳо месозанд. Навдаҳои аз пӯст тоза кардашуда бошад, барои сохтани маснуоти каме зеботар, ба монанди гулдонҳо, мебелҳои хонагӣ ва сабадҳо истифода мешаванд.

АСБОБҲОИ МУСИҚӢ

Яке аз ҳунарҳои дигаре, ки эҳё гардида истодааст, ин истеҳсоли асбобҳои мусиқӣ аст, ки он ҷузъе аз фарҳанги бисёрасраи мусиқии минтақа ба шумор меравад. Асбобҳои мусиқӣ дар дасти устоҳо имкон дорад касро ба ханда ва ё гиря водор намояд, эҳсосоти амиқро баён намуда, шунавандаро маҷбур месозанд то ба умқи андешаи шоирон фурў раванд. Маҳсули кори ҳунармандони асбобҳои мусиқӣ, ки одатан аз насл ба насл мегузашт, ҳамеша қадр карда мешуд. Сирри ҳунар аз падар ба писар, аз насл ба насл мегузашт...

Таомхои миллӣ

Дар шаҳри Турсунзода тарабхона, чойхона ва ошхонаҳои зиёде мавҷуд аст, ки дар онҳо хӯрокҳои гуногуни миллиро пешниҳод мекунанд. Тарабхонаи "Ширкент" бо хӯрокҳои лазизи шарқии худ маъруф аст. Дар чойхонаи "Вахдат" ба чойи хушбӯйи сабз, шириниҳо, инчунин нони гарм, чаппотӣ ва кулчаҳои ширин пешниҳод мекунанд. Қаҳвахонаи "Фарғона" бо намудҳои гуногуни оши палав маълум аст. Дар қаҳвахонаҳои "Саёхат" ва «Ягона» то даҳ намуди сихкабоб аз гӯштҳои гусфанд, гов ва мурғ омода мекунанд.
Тарабхонаи "Хуҷандӣ" низ бо шашлики фармоишии хеш маъруф аст. Дар қаҳвахонаи "Роҳи Абрешим" шумо метавонед то даҳ намуд сихкабобу самбўсаҳои хушбӯй ва "дулма"-и аъло пайдо намоед.

Фолклор

Фолклори Турсунзода бозгўи фарҳанги бой ва инъикоскунандаи ҳаёти маънавии сокинони минтақаи Ҳисор, аз ҷумла шаҳри Турсунзода мебошад. Мусиқӣ ва рақсҳои ин минтақаи таърихӣ решаҳои амиқи таърихӣ доранд.
Эҷодиёти шифоҳии сокинони шаҳри Турсунзодаро жанрҳои гуногуни бадеӣ, аз қабили мақолу зарбулмасалҳои нишонрас, афсонаҳо, ҳаҷву латифаҳо ва суруду таронаҳои пурэҳсосташкил медиҳанд.
Қофия (аския) яке аз жанрҳои хоси шифоҳии мардумӣ аст, ки дар он иштирокчиён, ки асосан аз мардон иборатанд, байни худ бо суханони тунд дар мавзӯъҳои гуногун рақобат мекунанд.
Яке аз мисолҳои равшани фолклори ин минтақа ансамбли «Қаратоғ» мебошад, ки бо номи деҳаи таърихии Қаротоғ номгузорӣ гардидааст. Деҳа дар 45 километрии шаҳри Душанбе, дар соҳили дарёи Қаратоғ, пастхамиҳои қаторкуҳҳои шаҳри Ҳисор воқеъ мебошад.
Ансамбли "Қаратоғ", ки дар соли 1988 таъсис ёфта, дар муддат аллакай, фолклори ин минтақаро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.
Илова бар он, дар шаҳри Турсунзода якқатор дастаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла ансабли шашмақомхонҳо (Шашамақом яке аз жанрҳои қадимаи мусиқии созию овозист, ки дар Осиёи Миёна, хосатан дар ҳудуди Тоҷикистон ва Ўзбекистон маълуму машҳур буда, ба рўйихати фарҳанги ғайримодии ҷаҳонӣ дохил гардидааст.) фаъолият доранд. Инчунин, дар шаҳр ансамбли «Фалак» (аз калимаи тоҷикии «само»ё «тақдир» ) амал мекунад. Дар ин жанри мусиқӣ асосан, шаклҳои шеърии рубоӣ, дубайтӣ, инчунин, шеъру сурудаҳои халқӣ ва ашъори шоирони классики форсу тоҷик ба истифода мераванд.
Тарбияи истеъдодҳои халқии маҳаллӣ ва пешкаш намудани он ба меҳмонон боиси ғанӣ гардидани на танҳо иштирокчиёни дастаҳои ҳунарӣ, балки сокинон низ мегарданд.
Роҳ ба Турсунзода

Ба шаҳри Турсунзода метавон ба воситаи шаҳри Душанбе рафт.
Қаблан, зарур аст, ки аз фурудгоҳи Душанбе то микроноҳияи №102, истгоҳи "Зарнисор" расид. Хароҷоти таксӣ аз фурудгоҳ то истгоҳ тақрибан $4 аст. Дар ин ҷо истгоҳи таксиҳо ба самти шаҳри Турсунзода мавҷуд аст. Одатан таксиҳо теъдоди лозимаи мусофиронро гирифта, баъд роҳӣ мешаванд.Нархи таксиҳо аз мавсими мусофиркашонӣ вобаста мебошанд.Ба ҳар ҳол зарур аст, ки роҳкироиро бо ронанда савдо бояд кард.Масофаи байни шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҳамагӣ 55 км аст. Ба шаҳри Турсунзода метавон тавассути марз бо Узбекистон -пункти гузариши "Пахтаобод"низ расид.
Дар Турсунзода метавонед дар меҳмонхонаи се ситораи "Ширкент" чойгир шавед.. Нархи хуҷраҳо аз 85 то 150 сомони, вобаста ба дараҷаи он аз «оддӣ» то «олӣ» ташкил медиҳад.
Турсунзода
Маълумоти асосӣ

Координатҳо: 38°30′39″ с. ш., 68°13′49″ в. д.
Аввалин ёдоварӣ: Нимаи дуюми асри XIV
Забони расмӣ: тоҷикӣ
Аҳолӣ: 52,400 нафар (2015)
Таркиби миллӣ: тоҷикон,ўзбекҳо
Таркиби динӣ: мусулмонҳо. Ба ғайр аз масҷидҳо, дар шаҳр як маъбади православии «Покрова Пресвятой Богородитси» низ фаъол аст.
Минтақаи вақт: UTC+5
Рамзи телефонӣ: +992 (3130)
Почта индекс: 737450
Рамзи мошин: 07 TJ


This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website