Шахринав
шаҳри даврони Кушониён ва шароби дурахшон
Ноҳияи Шаҳринав дар водии Ҳисори ҷумҳурӣ ҷойгир буда, пеш аз ҳама бо зебоии нотакрори манзараҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои истироҳатӣ дар канори дарёи Қаратоғ машҳур аст. Шаҳринав ҳамчунин, бо боғҳои ангур ва истеҳсоли шаробу ликёрҳои худ маъруф аст.
Тавассути ноҳияи Шаҳринав шаҳроҳи автомобилӣ мегузарад, ки Душанберо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст мекунанд. Инчунин, аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳан гузашта,дорои истгоҳи "Чептура" мебошад.
Роҳҳои автомобилӣ дар ноҳия хеле рушдёфта ва мувофиқанд, зеро онҳо ҳамаи гӯшаҳои ин ноҳияро ба дигар қисматҳои кишвар ба осонӣ пайваст мекунанд.
Таърих
Ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ба минтақаи таърихию фарҳангии Ҳисор дохил мешавад, ки ба ҳудуди минтақаи қадимаи Бохтар таааллуқ дорад. Дар замони қадим дастаҳои љангии Искандари Мақдунӣ ба ин ҷо ворид шуда буданд. Дар асри II пеш аз милод тутҳориҳо, ки давлати Кушониёнро таъсис дода буданд, дар ин ҷо муқимӣ шуда буданд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, Ланшӣ - пойтахти аввалини ин давлат - дар наздикии ҳудуди имрўзаи наҳияи Шаҳринав ҷойгир будааст.Имрӯз ин шаҳрак бо масоҳати 360 гектар, ки бо деворҳои дарозиашон 7 километр иҳота гардидааст, ёдгории асосии археологии ноҳия ба шумор меравад. Минбаъд, ин минтақа қисме аз давлатҳои пурқудрат буд, аммо ҳеҷ гоҳ ба шукӯҳи пешинааш нарасид ва танҳо дорои мақоми вилоятиву маҳаллӣ буд. Далелҳои илмии фарогир дар ин минтақа мавҷудияти шаҳрҳои бузург ва рушдёфтаи замони Кушониёнро шаҳодат медиҳанд.
Ба таври расмӣ, дар ин минтақа ноҳия бо номи Каратоғ дар соли 1927 дар ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, он соли 1929 ба ноҳияи Шаҳринав иваз карда шуд.
Ҷуғрофия

Шаҳринав дар ғарб бо шаҳри Турсунзода, дар ҷанубу шимол бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, аз шарқ бо шаҳри Ҳисор ва аз шимол бо ноҳияи Айнӣ ҳамсарҳад аст. Қисми зиёди ноҳияро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар ноҳия дарёе бо номи Қаратоғ ҷорӣ мешавад. Қисми асосии аҳолӣ дар ҳамвориҳо, ки хеле ҳосилхез мебошанд, кору зиндагӣ доранд.

Табиат
Дар кӯҳҳои қисмати шимолии ноҳия хуки ваҳшӣ, паланги барфӣ (ирбис), хирс, санҷоб, суғур ва бузҳои сибирӣ вомехӯранд. Баъзе аз паррандаҳо ва ҳашаротҳое, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, ба Китоби Сурхи намудҳои нодир ва нобудшавандаи Тоҷикистон дохил шудаанд, аз ҷумла, улар, калхаи сафед, балабони туркистонӣ, сапсани сурхсар, парвонаҳои парнасиус, махаон ва ғайраҳо.

Аҳолӣ
Шумораи аҳолии ноҳияи Шаҳринав зиёда аз 122 000 нафар аст.
Дар ноҳия 7 ҷамоати деҳот мавҷуданд, ки ба забони модарии худ бо номи "Ҷамоатҳо" (Jamoat) шинохта мешаванд. Ин ҷамоатҳо: Боғистон, Истиқлол, Сабо, Селбур, Ҳасанов, Чузи (Чуст) ва Шаҳринав мебошанд.
Тоҷикон дар ноҳияи Шаҳринав тақрибан 60%-и аҳолиро ташкил медиҳанд, 35% ӯзбекҳо мебошанд. Қариб тамоми аҳолии ин ноҳия мусалмонони суннӣ мебошанд.
Беҳтарин ҷойҳо барои шиносоӣ

Дар ноҳияи Шаҳринав туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ, зиёратгоҳҳо, туризми таърихӣ ва фарҳангӣ, шикор ва моҳидорӣ рушд мекунанд. Ёдгориҳои таърихӣ ва минтақаҳои табиӣ дар он таассуроти фаромӯшнашаванда мебахшанд. Дар ин ҷо 36 ёдгории таърихию фарҳангӣ, инчунин минтақаҳои табиии сайёҳии Пуштимиёна, Ҳакимӣ, Лаби-Ҷар, Хоҷа-Ҳасан, Тахти Сулаймон, кӯлҳои Париён, Темурдара, Љувозак, Чашмаи Моҳиён ва Хуҷӣ ҷойгиранд.
Сайёҳон метавонанд ба минтақаҳои истироҳатӣ дар канораҳои дараи кӯҳии Қаратоғ, аз ҷумла, ба курорти табобатии «Эдем» ташриф оваранд, ба ҷойҳои афсонавӣ дар атрофи кӯлҳои Темурдара ва Париён сафар кунанд ва аз ангурзорҳо он дидан кунанд. Дар маркази ноҳия осорхона, 3 боғи фарҳанг ва истироҳат бо номҳои Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Носирҷон Масумӣ, инчунин гулгашти М.Турсунзода ҷойгир шудаанд. Барои меҳмонон 3 меҳмонхона, 5 хонаи меҳмонон, инчунин чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва нуқтаҳои гуногуни ғизохўрӣ хизмати худро пешниҳод менамоянд.
Сокинон ва сайёҳон аз 10 филиали бонк ва даҳҳо банкоматҳо истифода мебаранд. Дар маркази маъмурии ноҳия меҳмонон метавонанд дар чойхонаи барҳаво, ки бо усули миллӣ сохта шудааст, аз таомҳои миллӣ ва меваҳои болаззат баҳравар гардида,дар зимн, дар бозори марказӣ бо маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ ошно шаванд.
Деҳаи Хоҷаи Бодом
Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихӣ, ба монанди Бузук-теппа, теппаи Кампири Зуҳро, теппаи Дидбон, Пахтакор-теппа, Хайитгул-теппа, Чимкурғон ва ғайраҳо, ки ба асрҳои II-I пеш аз милод ва асрҳои V-VI мансубанд, мавҷуд мебошанд. Яке аз ҷойҳои маъруфи таърихии Шаҳринав деҳаи Хоҷаи Бодом мебошад. Аввалин зикри он ба ибтидои асри 15, замони ҳукмронии Улуғбек (набераи Темурланг) рост меояд. Деҳа дар доманаи кӯҳи Дарвозакон ҷойгир аст. Дар ин ҷо, дар канори чашмае зери ду чинори бузург мазори «Хоҷаи боло» ҷойгир аст. Дар чашма моҳиҳое ҳастанд, ки дарозии онҳо 15-20 см мебошад. Хусусияти ҷолибашон ин аст, ки онҳо то он даме, ки онҳоро ба оби дигар набаред, калон намешаванд. Бино бар ақидаи сокинони маҳаллӣ бо мунтазам назора кардан ба ин моҳиҳо метавон аз бемории зардпарвин шифо ёфт. Дар наздикии чашмаи мазкур аз зери кӯҳ чашмаи дигаре бо оби сулфурӣ ҷорӣ мешавад, ки ба бемориҳои узвҳои ҳозима шифо мебахшад.
Шароби Шаҳринав
Аз нимаи асри гузашта дар ноҳияи Шаҳринав маҳсулоти шароб ва арақ истеҳсол мекунанд. Дар ин ҷо «Корхонаи шампан» ва «Заводи истеҳсоли шароб» фаъолият мекунанд. Шаҳринав бо маҳсулоти брендиаш: «Шампан», «Арақи шаҳринавӣ» ва қиёми «Меҳри гиёҳ»машҳур аст.
«Handmade» (Хунарҳои дастӣ)

Аҳолии Шаҳринав аз замонҳои қадим ба ҳунармандӣ машғуланд. Яке аз қадимтарин намудҳои ҳунари мардумии тоҷикон бофандагӣ мебошад. Қолинҳои дастии пашминро метавон бо ифтихор «асари санъат» номид. Яке аз маъмултарин намудҳои санъати амалӣ ва ороишӣ дӯзандагӣ ба шумор меравад.
Гулдӯзӣ – навъи санъат аст, ки нақшу нигори он бар асоси тасвири кашидашуда ба матоъ эҷод мешавад. Кундол – «биҳишти гулҳо», ҳамин тавр наққошии он бо забони форсӣ садо медиҳад. Ин ҳунар дар охири асри XIV – ибтидои асри XV инкишоф ёфт. Онро як ҳунарманди шаҳринавӣ эҳё кардааст. Кам андар кам матоъи бофтаи тоҷикиро пайдо намудан мумкин аст, ки нишоне гулдӯзии миллӣ надошта бошад. Дар Шаҳринав ҳунари суннатии сабадбофӣ – бофтани сабадҳои миллӣ низ эҳё ва рушд меёбад. Наққошӣ дар чӯб яке аз қадимтарин ва маъмултарин ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон аст. Маснуоти ҳунармандони Шаҳринав низ метавонанд як тӯҳфаи нодир барои сайёҳон бошанд.
Фолклор

Фолклори тоҷикон, ки анъанаҳои ҳазорсола дорад, бой ва гуногунранг аст. Гурӯҳи фолклории «Насими Қаратоғ» аз ноҳияи Шаҳринав асосан аз занон иборат аст, ки дар барномаи худ суруду таронаҳо ва шеъру афсонаҳои қадимаи мардумиро истифода мебаранд. Сурудҳои худро занон бо лаҳҷаи маҳаллии забони тоҷикӣ, дар либоси миллии хоси минтақа иҷро мекунанд.
Хӯрокҳои милли
 Дар маркази маъмурии Шаҳринав, меҳмонон метавонанд аз хӯрокҳои милли дар қаҳвахона ва чойхонаҳои бароҳати анъанавӣ лаззат баранд.
Шумо метавонед таомҳои суннатӣ ба монанди палав, ќурутоб, хомшўрбо, ки ошпазони моҳир омода кардаанд, дар чойхонаҳои "Дӯстӣ" ва "Салимҷон" бичашед.
Дар тарабхонаи "Шоми Қаратог" якчанд намудҳои кабоб ва хомшӯрбо ба меҳмомон пешкаш мешавад.
Дар чойхонаи "Шаҳринав" субҳона бо чойи хушбӯй, асали кӯҳи, қаймоқ ва шириниҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонон мегардад. Ҳамчунин, шумо метавонед дар бозори марказии Шаҳринав аз меваҷоту сабзавоти лазиз баҳра баред.
Чӣ тавр ба ноҳияи Шаҳринав расидан мумкин аст

Ба ноҳияи Шаҳринав бо ду роҳ расидан мумкин аст. Роҳи аввал аз тариқи Душанбе аст. Аз фурудгоҳи Душанбе ба 102 микрорайон (ба самти дарвозаи ғарбии пойтахт) расидан лозим аст. Арзиши сафар аз фурудгоҳ то ин макон бо таксӣ 3-4 долларро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо таваққуфгоҳи таксиҳо ва маршруткаҳо ҷойгир аст, ки ба ноҳияи Шаҳринав равонаанд. Арзиши 1 ҷой дар таксӣ тақрибан 1,5 доллар аст (барои соли 2024). Масофа аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Шаҳринав 25 км мебошад. Роҳи дуввум аз тариқи Турсунзода аст. Масофа аз маркази ш.Турсунзода то маркази ноҳияи Шаҳринав 10 км мебошад. Арзиши сафар тақрибан 1 долларро ташкил медиҳад.
Ноҳияи Шаҳринав

Координатҳои ҷуғрофӣ: 38°42′ с.ш. 68°25′ в.д.
Шомил ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ)
Маркази маъмурӣ: шаҳраки Шаҳринав
Масоҳат: 1006 км²
Вақт: UTC+5
Аҳолӣ: 122 000 нафар
Зичӣ: 121,9 нафар/км²
Рамзҳои рақамӣ:
Рамзи телефон: +992 3155
Рамзҳои почта: 737450
Домен: .tj
Рамзи рақами мошинҳо: 07 TJ


Маводи мазкур бо мусоидати мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омода шудааст.

Дар маводҳои визуалӣ аз манбаъҳои кушод ва бойгонии мутахассисони маҳаллӣ истифода шудааст.

This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website