Мақбараи Ҳазрати Бурхи Валӣ
Дурӣ аз шаҳру маҳалҳои серодам, табиати зебою дилнишин, сокинони меҳрубону меҳмоннавоз ҳамеша одамонеро, ки шефтаи покизагӣ, муносибати самимӣ ва зиндагии ороманд, ба худ ҷалб месозад. Ҷои шубҳа нест, ки дар Сангвор ҳанўз ҳам, шахсиятҳои машҳуреро, ки дар замонҳои қадим ба ин сарзамин омада, солҳои дароз зиндагӣ кардаанд, ба ёд меоранд ва эҳтиром мекунанд. Ҷойҳои дафн ё макони зисти онҳо то ҳол макони зиёрати сокинони Тоҷикистон ва меҳмонони кишвар мебошад.
Мақбараи Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки дар деҳаи Боршуд ҷойгир аст, муқаддастарин макон дар ин диёр мебошад. Онро ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳон ва ихлосмандон зиёрат мекунанд. Тибқи ривоятҳои пирони солхӯрда ва зикри баъзе осори таърихии қадима , Ҳазрати Бурхи Валӣ бо оилааш аз Эфиопия, 1500 сол қабл, аз тариқи ҳудудҳои имрӯзаи Африқои Шимолӣ, Арабистон, Эрон ва Афғонистон ба ин ҷойҳо омада буд. Вай бо имони қавӣ, инсонпарварӣ, донишҳои фалсафӣ, адабиёту таърих хеле машҳур буд ва илму дониши худро бо сокинони ин сарзамин дареғ намедошт.
Ҷойе, ки мақбараи Ҳазрати Бурхи Валӣ ҷойгир аст, хеле зебо аст. Се кӯҳи баланд якҷоя шуда, як секунҷаро ташкил медиҳанд.
Мақбара дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор карда шудааст.