Рӯдакӣ – ноҳия ба номи шоири бузург
Ноҳияи Рӯдакӣ дар водии Ҳисори Тоҷикистон ҷойгир аст ва аз ҷанубу ғарб бо пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамсарҳад мебошад. Аз шимол ва шимолу шарқ бо чор шаҳру ноҳия - Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат ҳаммарз аст. Аз ғарб бо вилояти Сурхандарёи Узбекистон, аз ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Қубодиён, Дўстӣ, Хуросон ва Ёвони вилояти Хатлон ҳамсоя мебошад. Ноҳия мақоми расмии худро моҳи сентябри соли 1927 ба даст овардааст. Номи кунунии ноҳия дар соли 2003 ба шарафи Асосгузори адабиёти тоҷикӣ-форсӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ номгузорӣ гардидааст. Маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ шаҳраки Сомониён мебошад, ки 17 километр ҷанубтар аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар доманаи шимолии қаторкӯҳи Рангон, се километр дуртар аз дарёи Кофарниҳон, шохоби рости дарёи Аму, ки аз ноҳия убур мекунад, ҷойгир шудааст.
Таърих
Аз замонҳои қадим, дар ҳудуди имрўзаи ноҳияи Рӯдакӣ шуғли асосии сокинон чорводорӣ ва кишоварзӣ буд. Дар замонҳои гуногун ин заминҳо ба ҳайати Суғд, Бохтар, давлати Сосониён, салтанати Кӯшониён, аморати Сомониён (асрҳои IX-X), салтанати Ғазнавиён (асрҳои X-XII), империяҳои муғулҳо, Темуриён, Шайбониён ва аморати Бухоро (асрҳои XVIII-аввали XX) дохил мешуданд. Дар ҳудуди ноҳия маҷмааҳои таърихӣ-археологие ошкор шудаанд, ки ба асрҳои IX-XII мансубанд, ба мисли: Чоргултеппа ва Тоҷхон, ки деҳаҳои Чоргултеппа, Оли Сомон, Оби Шифо, Кӯктош, Қарияи Камар ва Бачамазорро дар бар мегирад; Гулистон – бо деҳаҳои Мавлавӣ, Сабзикор, Тезгар, Фалакон; Роҳатӣ – бо деҳаҳои Мачитон, Нилкон, Теппаи Самарқанд, Симиганҷ; Чортеппа – бо деҳаҳои Кампир-қалъа, Шайнак, Мортеппа, Чортеппа; Эсанбой – бо деҳаҳои Намозгоҳ, Бибихуррам, Хоҷа-Тутбулоқ, инчунин қалъаи Кофарниҳон.
Имрӯз Рӯдакӣноҳияи рушдёфтае мебошад, ки дар он биноҳои нав, боғҳо, иншооти фарҳангию фароғатӣ ба монанди боғҳо, китобхонаҳо, қасри фарҳанг, маҷмааҳои варзишӣ бунёд шудаанд. Дар ин ҷо зиёда аз 100 корхона ва даҳҳо муассисаҳои коммуналию хизматрасонӣ, бозорҳо ва марказҳои савдо фаъолият доранд.
Ҷойҳои диққатҷалбкунандаи Рӯдакӣ
Дар ҳудуди Рӯдакӣ бисёр мавзеъҳои нодири табиӣ ва таърихӣ мавҷуданд. деҳа ва шаршараи «Мағмурод», минтақаҳои соҳилии дарёи Кофарниҳон, чашмаи «Шуриён», аквапарки «Бибихуррам» ва «Гулзор», ҷангалҳои атрофи ғори «Чилтан», токзорҳои Роҳатӣ, меваҳои Рангон, хоҷагии аспҳои зоти тоҷикии «Асппарвар» дар Султонобод, гармхонаҳои «Ризошоҳ» ва «Исматулло» ифтихори ноҳия ва макони зиёрати сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ мебошанд.
Санги кабуд - санги осмоние аз кайҳон

Замоне ноҳияи Рӯдакӣ номи Кӯктошро дошт, ки дар тарҷума аз забони ӯзбекӣ маънои "санги кабуд" -ро дорад. Номи Кӯктош ба санги машҳури кабуд, ки шояд пайдоиши метеоритӣ дошта бошад ва ҳоло дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, марбут аст. Дар сарчашмаҳои гуногун ва ривоятҳои мардумӣ гуфта мешавад, ки маконе, ки санг дар он ҷой дошт, замоне макони зиёрати бисёре аз сокинони ин сарзаминҳо буд. Одамон ба санг хосиятҳои ғайриоддӣ доданд ва бовар доштанд, ки он ба беморҳо шифо мебахшад ва бахту саодат меорад. Дар замони тасхири водии Ҳисор аз ҷониби арабҳо, бо роҳбарии Қутайба ибни Муслим, сангро шикаставу ба чанд ќисм таќсим карда, ба буттазорҳои соҳили дарёи Кофарниҳон партофтанд. Баъдтар сокинони маҳаллӣ яке аз қисмҳои сангро пайдо намуда, ба ҷои пешинааш баргардонданд. Айни замон санги машҳур дар қабристони маҳаллии деҳаи Чоргултеппа қарор дорад ва шоҳиди хомӯши таърихи қадимаи тоҷикон аст.

Мағмурод – зебоии табиӣ ва рамзи муборизаи тоҷикон бар зидди ғосибон
Яке аз минтақаҳои муҳими таърихӣ ва табиии ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Мағмурод мебошад. Он дар 13 километрии шимолу шарқии Душанбе ҷойгир буда, дар миёни дараи зебои саршор аз растанию дарахтон ва чашмасорону шаршараҳои софу зулол қарор дорад. Дар дохили деҳа масҷиди қадимие ҷойгир аст, ки дар канори он қабристони куҳане вуҷуд дорад. Тавре ки пирони деҳа нақл мекунанд, замоне, дар даврони ҳамлаи муғулҳо, ин макон писанди яке аз хонҳо мешавад. Сокинони деҳа, ки аз зулми ӯ ба танг омада буданд, бар зидди ғосиб бархостанд ва ӯро куштанд. Лашкарҳои омадарасидаи муғулҳо шӯришро шадидан пахш карданд ва мардони зиёди деҳаро куштанд. Тибқи ривоятҳо, дар ҳамин қабристон ҳамаи он кушташудагон дафн шудаанд ва деҳа номи «Муғул мурд» гирифтааст, ки бо гузашти вақт номи он каме тағйир ёфтааст.
Ҳунарҳои мардумӣ – оҳанги фарҳанги қадим

Дар байни сокинони шаҳру деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ косибон бо касбҳои гуногун машғул шуда, тавассути намоиш ва фурӯши маҳсули дастии худ рӯз мегузаронанд. Устоҳои моҳир ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, гулдӯзӣ, дўхти сӯзанию шероза, тоқидӯзӣ, куроқдӯзӣ, дар соҳаи истеҳсоли металл, коркарди чўб, ҷавоҳирот, истеҳсоли корд, оҳангарӣ, истеҳсоли шона, кандакорӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.
Фолклор
Сокинони Рӯдакӣ анъанаҳои ҳунари мардумиро аз насл ба насл интиќол медиҳанд. Хусусан, иҷрои суруду рақсҳои классикӣ аз ҷониби ансамблҳои оилавӣ ривоҷ ёфтааст. Одатан, дар рўзҳои ид дар боғу майдонҳо ва кӯчаву ҳавлиҳо суруду рақсҳои фолклорӣ, ки хосиятҳои фаслҳои сол ва падидаҳои табииро (масалан, борон, об ва ғ.) инъикос мекунанд, садо медиҳанд. Ба ин гуна сурудҳо "Борон резад" дар ҳамсадоии доира бо рақс аз ҷониби мардон, лапар «Меваи боғ» - суруд аз ҷониби мардону занон бо рақс дар иҷрои кӯдакон ва дигарон дохил мешаванд.
Самбӯсаи гарм ва шарбати зардолу – маззае, ки фаромӯшнашаванда аст

Мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ноҳияи Рӯдакӣ низ бо таомҳои махсус ва хосаш машҳур аст. Дар ин ҷо дар тӯли асрҳо ошпазҳои моҳир донишу таҷрибаи худро ба насли ҷавон интиќол дода, бо ин роҳ асрори омодасозии хӯрокҳои нодирро ҳифз намудаанд. Аз Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои наздик дӯстдорони таомҳои гӯштӣ ҳамарўза ба ноҳияи Рӯдакӣ меоянд. Бӯйи самбӯсаи гарм ва хушбӯие, ки аз чойхонаи "Ганҷ" мебароянд, сокинон ва меҳмонони ноҳияро ба худ ҷалб мекунад. Дар ин ҷо ба меҳмонон инчунин, нўшокӣ ва шарбатҳои хунуки зардолуро пешниҳод мекунанд. Чун ҳамеша, ба меҳмонон палови хеле болаззат дар чойхонаи "Борбад" пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, дар маркази Рӯдакӣ дар тарабхонаи "Баҳор" аз таомҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣметавон лаззат бурд.
Ангури подшоҳии "Султонӣ"

Дар Рӯдакӣ кишоварзӣ яке аз самтҳои пешбар ба шумор рафта, қисми маҳсулоти кишоварзии шаҳри Душанберо таъмин мекунанд. Ангурпарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва даромадноки хоҷагии қишлоқ аст. Ҳар як навъи ангур маззаи худро дорад, ки ба макони парвариши он вобастагӣ дорад. Ангури «Султонӣ», ки маънои "шоҳона" -ро дорад, яке аз беҳтарин навъҳои ангур мебошад. Ин навъи ангур бо ранги зарди тиллоӣ аз қадимулайём дастархони подшоҳонро оро дода, аз ин рӯ номи «Султонӣ» - ро гирифтааст. Макони пайдоиши ин навъи ангур, ки бо номи Ҷавс низ маъруф аст, деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад. Гарчанде ки навъи «Султонӣ» ҳоло дар дигар минтақаҳо низ парвариш карда мешавад, маззаи беҳамто ва нотакрори он танҳо дар Роҳатӣ мавҷуд аст.
If a building becomes architecture, then it is art
Чӣ гуна ба ноҳияи Рӯдакӣ расидан мумкин аст
Ба ноҳияи Рӯдакӣ ду роҳ вуҷуд дорад:
1.Аз тариқи шаҳри Душанбе: аз фурудгоҳ ё маркази шаҳри Душанбе бояд ба "чорроҳаи шаҳракҳои 46 ва 61 "бирасед. Дар он ҷо истгоҳи таксиҳое, ки ба ноҳияи Рӯдакӣ равона мешаванд, ҷойгир аст. Нархи таксӣ тақрибан 1 доллар аст. Масофа аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Рӯдакӣ - шаҳраки Сомониён - 17 км.
2. Аз тариқи шаҳри Бохтар: масофа аз шаҳри Бохтар то маркази ноҳияи Рӯдакӣ – тақрибан 95 км аст. Меҳмонони Рӯдакӣ метавонанд дар маркази ноҳия, дар хонаҳои шахсӣ, ки махсус барои меҳмонон омода карда шудааст, ҷойгир шаванд. Ба наздикӣ як меҳмонхонаи бузурге дар маркази ноҳия мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар он ҳама шароитҳои истиқомат барои меҳмонони ноҳия пешбинӣ гардидааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ
Мақом: Ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ)
Номҳои пешина: Ленинский, Кӯктошский, Локай-Таджикский
  • Таркиб: 14 шаҳраку ҷамоати деҳот, 75 деҳа
  • Маркази маъмурӣ: шаҳраки Сомониён
  • Санаи таъсис: сентябри 1927
  • Масоҳат: 1735 км²
  • Минтақаи вақт: UTC+5
  • Аҳолӣ: 402 000 нафар (соли 2024)
  • Миллатҳо: тоҷикон, ӯзбекон
  • Мазҳаб: мусулмонони суннӣ

Шиносномаҳои рақамӣ
  • Ихтисора: RU
  • Рамзи телефонӣ: +992 3137
  • Индекси почта: 735100
  • Домени интернетӣ: .tj




This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website