РОҒУН – ШАҲРИ РӮШНОӢ ВА ОЯНДА
Баландтарин сарбанд дар ҷаҳон, кӯҳҳои барфпӯш, водиҳои сабз, дарёҳои пурталотум ва шаҳри ҷавони энергетикҳо – ҳамаи ин Роғун аст, ки таърихи он имрӯз аллакай як қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони муосир мебошад.
Роғун дар қисми шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Он бо шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Балҷувон ҳамсарҳад аст. Шаҳр аз 3 ҷамоат иборат аст: шаҳраки Оби Гарм, деҳаи Қади Об ва деҳаи Сичароғ.
Роғун шаҳри ҷавон аст ва пайдоиши он ба НБО-и Роғун марбут аст, ки сохтмони он соли 1976 оғоз ёфта буд. 25 декабри соли 1986 оғози асосёбии шаҳри энергетикҳо ба ҳисоб меравад ва шаҳраки Оби Гарм ба ҳайати он дохил карда шуд.
Кашфи олоту ашёҳои қадимӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва инчунин, номҳои қадимаи баъзе деҳаҳо (Камари Муғул, Кафари Кофар) нишон медиҳанд, ки марзи имрӯзаи Роғун таърихи қадимӣ дорад.
Роғун аз самти шарқ бо қаторкӯҳи Қаротегин ё қаторкӯҳи Дарвоз ва аз самти ҷануб бо кӯҳҳои ноҳияи Файзобод иҳота шудааст.
Иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имконият медиҳанд, ки кишоварзӣ ва боғдорӣ рушд кунад. Дар деҳаҳои Роғун себ, тут, чормағз, зардолу, нок ва ангур парвариш карда мешаванд. Флораи шаҳр хеле бой аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ дарахтон ва буттаҳои гуногун – писта, бодом, себ, анҷир, олу, гелос, нок, арча, заранг, булут, чинор, сафедор ва ғайраҳо мерӯянд. Даштҳо дар баландии беш аз 3500 метр ҷойгиранд.
Дар буттазорҳои зич ва баландии кӯҳҳо ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла бузҳои кӯҳӣ, хирсҳо, хуки ваҳшӣ, ҷайрон, сангпушти кӯҳӣ, харгӯш, қурбоққаҳо, гургҳо, рӯбоҳҳо, шағолҳо ва аз хазандагон намудҳои гуногуни мору калтакалосҳо дида мешаванд.
Зебоиҳои табиат

Тавассути имкониятҳои бузурги табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии худ Роғун барои рушди сайёҳӣ хеле мувофиқ аст. Маҳалҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзор дар ҷамоати деҳоти Қади Об барои сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва саёҳатҳои пиёдагардӣ хеле мусоиданд.
Масофа аз шаҳри Роғун то Ғашён 30 км, то Ёнахш – 38 км ва то Марғзор – зиёда аз 40 км мебошад. Ин деҳаҳо аз чаҳор тараф бо кӯҳҳои баланд иҳота шудаанд. Дар канори роҳҳо сабзаву гиёҳҳои зиёд мерӯянд ва аз доманакӯҳҳо чашмаҳои тозаи шаффоф ва сард ҷорӣ мешаванд.
Сокинони деҳаи Ёнахш хусусиятҳои сайёҳии маҳали худро дарк намуда, дар ин ҷомеҳмонхонаи «Сайр» - ро ифтитоҳ намуданд. Меҳмонхона аз се ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва ҳаммом иборат аст.
Дар қисмати ҳамвории деҳаи Марғзор ду кӯли табиӣ вуҷуд дорад, ки аз моҳи май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқ аст. Дар болои кӯлҳои Марғзор, тақрибан 1 км аз доманаи кӯҳ, дар байни дарахтони мевадиҳанда ва гиёҳҳои шифобахш дарёе бо оби хунук ва шаффоф ҷорӣ мешавад.
Обҳои шифобахши Роғун
Дар Роғун манбаъҳои зиёди обҳои шифобахш мавҷуданд, ки дар заминаи онҳо 7 санаторӣ ва 3 нуқтаи обҳои шифоӣ фаъоланд.
Санаторияҳо дар тамоми фасли сол фаъол буда, ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Аз соли 1947 дар ин ҷо осоишгоҳи машҳури «Оби Гарм» фаъолият дорад. Обҳои маъдании осоишгоҳ бемориҳои системаи асаб, рагҳо, пӯст, гурдаҳо, ҷигар, бемориҳои занона, дарди миён, буғумдард ва дигар бемориҳоро табобат мекунанд.
Дар Роғун, инчунин санаторияи «Шоиста» бунёд карда шудааст, ки аз 4 ҳавзи табобатӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд, иборат мебошад.
Табдили Роғун ба биҳишти сайёҳӣ
Моҳи майи соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди минтақаи сайёҳии «Роғун»-ро барои солҳои 2024-2028 қабул намуд.
Таҳиягарони барнома қайд мекунанд, ки Роғун шаҳри саноатӣ ва сайёҳӣ буда, бо ба пуррагӣ ба кор даромадани НБО-и Роғун имкониятҳои бештар барои рушди сайёҳӣ ба даст хоҳад овард.
Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун 41 қуллаҳои зебои кӯҳӣ, 150 чашмаҳои табиӣ, 11 дарёи тоза ва 4 кӯли оби ширин ҷойгиранд.
Мувофиқи хусусиятҳои таърихию фарҳангии шаҳр ҳамчун хатсайрҳои сайёҳӣ - обанбори «НБО Роғун», гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайди Боғдодӣ, Кӯҳи Яхдон, ганҷинаи Акаҷонбой, Гули Сурх, Лугур, Ёнахш, Марғзор ва дигар минтақаҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ интихоб шудаанд.
Дар шаҳри Роғун 14 муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунад, ки ба онҳо китобхонаҳо, қаср ва хонаҳои фарҳанг, осорхона, боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ дохил мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон ва сокинони Роғун итминон доранд, ки дар оянда ин шаҳр ба биҳишти сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.
Меҳмондорӣ – анъанаи мост
Ҳар касе, ки ба Роғун меояд, дарҳол меҳрубонӣ ва самимияти сокинони маҳаллиро эҳсос мекунад. Дар ҳудуди шаҳр, ба сайёҳони дохилию хориҷӣ 4 меҳмонхона хизмат мерасонад, ки дар онҳо барои меҳмонон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Нархи утоқҳо одатан дастрас аст – аз 150 сомонӣ сар мешавад.
Дар Роғун 5 тарабхона ва қаҳвахона, тақрибан 30 ошхона ва чойхона бо таомҳои миллӣ ва аврупоӣ фаъолият мекунанд. Ошпазони маҳаллӣ ба меҳмонон шӯрбои тоҷикӣ – хомшурбо аз гӯсфанд ва гов, шашликҳо, хӯроки махсуси тоҷикӣ курутоб, манту, палав ва дигар хӯрокҳоро пешкаш мекунанд. Нархи таомҳо мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон дастрас аст – аз 20 сомонӣ барои як . Шумо метавонед дар чойхонаҳо ва бозорҳои маҳаллӣ маҳсулоти ширии тару тоза, нонҳои гарму нарм, асал, мева ва шириниҳои миллро дастрас намоед ва бичашед. Ҳатто дар дуртарин деҳот гурусна бе чои хоб нахоҳед монд. Ҳар як сокини Роғун, мисли дигар минтақаҳои кишвар, шуморо бо меҳрубонӣ ба хонаи худ даъват мекунад, хӯрок ва барои шабонарӯзӣ ҷой медиҳанд.
Сӯзанӣ – гулдӯзие бо таърихи бисёрасра
Ҳар гӯшаи Тоҷикистон ҳунари хоси худро дорад. Қариб дар ҳар ноҳия, деҳа ё шаҳр навъҳои беназири ҳунарҳо мављуданд. Ҳунармандони тоҷик воқеан ҳайратангезанд. Баъзе намудҳои ҳунарҳои мо на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ низ маъруфанд ва талабот доранд. Дар шаҳри Роғун 73 иншооти хизматрасонӣ мавҷуд аст, аз ҷумла 6 гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва 15 коргоҳи ҳунарҳои халқӣ. Дар ин ҷо оҳангарӣ, кандакорӣ, сабадбофӣ, ҳунарҳои дастӣ, сохтани ороишоти занона ва ғайра рушд ёфтаанд. Яке аз ҳунарҳои анъанавии ҷолиб дар кишвар – сӯзанӣ мебошад.
Сӯзанӣ одатан матоъи паҳне бо дарозии 2-3 метр ва паҳнои 3-5 метр аст, ки бо гулдӯзии дастӣ оро дода мешавад. Дар ҳар минтақаи кишвар, сӯзанӣ шакли анъанавии худро бо рангу тарзи гулдӯзӣ дорад. Ҳамчун ҳунар, сӯзанӣ садсолаҳо миёни занони минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон роиҷ аст. Сӯзанӣ ҷузъи ҳадяҳои арӯсӣ буд, ки арӯс онро ба хонаи шавҳараш мебурд. Сӯзанҳои тоҷикӣ, бо вуҷуди хусусиятҳои хоси худ, як чизи умумӣ доранд – гулҳои асосӣ одатан шакли гирд доранд, ки рамзи офтоб аст. Тайёр кардани сӯзаниро ду навъи ҳунармандон анҷом медиҳанд: қаламкаш (рассом) ва таррох (гулдӯз). Аввалӣ нақш мекашад, ва рангҳоро интихоб мекунад. Дуюмӣ бо риштаҳои ранга, асосан абрешимӣ гулҳоро медӯзад. Одатан, ҳунармандон бо ҳам ҷамъ шуда, шабҳоро бо сӯҳбатҳо ва сурудхонӣ мегузаронанд, то кори сӯзаниро ба анҷом расонанд. Барои дӯхтани як сӯзанӣ, вобаста ба мураккабии нақш, аз 10 рӯз то як моҳ вақт лозим аст,. Сӯзанҳои анъанавӣ на танҳо зебогии гулдӯзишудаанд. Ҳар як нақш маънои худро дорад. Масалан, нақшҳои мавҷноки кабуд ё сабз рамзи умри дарозанд. Доири калон ва сурх ё зард рамзи офтоб аст, ки гармӣ ва рӯшноиро ифода мекунад. Тасвири қаламфури тез бошад, рӯҳҳои бадро дафъ мекунад. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба сокинони Роғун имкон медиҳад, ки на танҳо маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод кунанд, балки дастовардҳои устодони қадимаро ҳифз намоянд.
Чӣ тавр ба Роғун расидан мумкин аст?
Лозим аст аз фурудгоҳ ё нуқтаи дигари Душанбе ба Терминали Шарқӣ (дар самти дарвозаи шарқии пойтахт) биравед. Нархи таксӣ аз фурудгоҳ то ин макон 2-3 доллар аст. Дар ин ҷо истгоҳи таксиҳо ва микроавтобусҳое ҷойгир шудааст, ки ба самти ноҳияҳои шарқии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Роғун равонанд. Нархи як ҷои таксӣ тақрибан 4 долларро ташкил медиҳад (соли 2024). Масофа аз шаҳри Душанбе то маркази Роғун – 110 км.
Роғун
  • Дохил мешавад ба ҳайати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
  • Таъсис: декабри 1986
  • Соат: UTC+5:00
  • Аҳолӣ: 47 500 нафар (соли 2023)
  • Милллат: тоҷикон
  • Дин: мусалмонон-сунниён
  • Забони расмӣ: тоҷикӣ
  • Рақами телефон: +992 3134
  • Индекси почта: 737450
  • Домени интернет: .tj
  • Рамзи рақамҳои автомобилӣ: 08РТ


This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website