Зебоиҳои водии Рашт
Ноҳияи Рашт табиати нотакрор дорад. Дараҳои зебои Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Каланак, Тағоба, Сихдара ва Хиҷборак аз сарватҳои табии бой буда, дар ин ҷо дарёю кӯлҳо, чашмаҳои шифобахш, обанборҳо ва шаршараҳои зиёд мавҷуданд. Дар ноҳия 5 дарёча ва 7 кӯл мавҷуданд, ки атрофи онҳо барои истироҳати сайёҳон басо мувофиқанд. Табиати ин минтақа низ хеле бой аст ва он, асосан аз ҷангалҳои арча ва сӯзанбарг иборат аст. Дар ин минтақа зиёда аз 3500 намуди растаниҳои гулдор ва спораҳо ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин, гиёҳҳои шифобахш ба монанди торон, хандак, рўбак, наъно, хирмани куҳӣ, чойкаҳак, дулона, бодоми талх, писта ва дигар намудҳои зиёд мерўянд. Ҳайвоноти ин минтақа низ хеле гуногунанд. Дар ин ҷо хирс, паланги барфӣ, бузи кӯҳӣ, хук, гург, рӯбоҳ, силовсин, шағол, гулмоҳӣ ва дигарҳо вомехӯранд. Аз олами паррандагон – бедонаҳои даштӣ, тазавр, бум, сор, уқоб, кабк, гунҷишк, мурғобӣ, кабӯтар ва ғайраҳо мавҷуданд.