Аз кӯҳҳо беҳтар танҳо кӯҳҳо…
Нурабад — гўшаи шукуфону зебои Тоҷикистон, ки бо ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои табобатӣ, чашмаҳои соф, рўду дарёҳои мусаффо ва кӯҳҳои бошукӯҳаш машҳур аст. Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 1000 чашмаи шифобахши хурду бузург, аз ҷумлаи чашмаи Вогланд дар деҳаи Сиёҳгулак, Ҳазрати Султон дар деҳаи Яхч, Кавгакон дар деҳаи Дегай ва Юнур дар деҳаи Юнур мавҷуданд. Чашмаи Вогланд яке аз серобтарин ва тозатарин чашмаҳо ба ҳисоб меравад. Чашма дар ҷои дилфиреб ҷойгир аст, ки макони зиёрат ба шумор меравад. Аз замонҳои қадим то имрӯз чашмаи Вогланд ҷои муқаддас ҳисобида мешавад. Зиёраткунандагон ва сокинони атроф бароиистироҳат дар назди оби хунук ва назораи моҳиҳои он ба ин ҷо меоянд.
Аз ҳудуди ноҳияи Нурабод ду дарёи бузург — Сурхоб ва Хингоб мегузаранд, ки дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳам меомезанд ва дарёи шӯхи Вахшро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ноҳия, инчунин дарёҳои хурд, ба монанди Муҷихарф, Ҳакимӣ, Лугуроб, Зуманак ва Дегай мавҷуданд. Ба ғайр аз дарёҳо ва ҷӯйҳои бузург, дар ин ҷо кӯлҳои Самсолик, Истон, Ҳазрати Шоҳ, Сариҷар ва Ҷавочӣ ҷойгир шудаанд.
Ноҳияи Нурабод ганҷинаи 500 навъи гиёҳҳои табобатист. Атторон ва дорусозони тамоми минтақаҳои кишвар аз гиёҳҳо, ба монанди сипанд, райҳон, наънои кӯҳӣ, пиёзи куҳии анзур, хилмон, шибит, арча, гули арғувонӣ, бодом ва садҳо гулу буттаҳо, растаниҳо ва дарахтони маҳаллӣ истифода мебаранд. Дар ин ҷо ҳамчунин паррандагон ва ҳайвоноти нодир, аз ҷумла уштур, уқоб, шоҳин, бум, зоғ, булбул, хирс, туккан, архари кӯҳӣ ва ғайраҳоро дидан мумкин аст.