Ноҳияи Лахш бо дарназардошти ҷойҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, бахусус барои ташкили кӯҳнавардӣ ва лижаронӣ дар зимистон шароит ва имкониятҳои мусоид барои рушди сайёҳӣ дорад.
Кӯҳнавардӣ яке аз маъруфтарин намудҳои сайёҳии варзишӣ дар Лахш ба шумор меравад. Дар ҳудуди ноҳия Боғи миллии Тоҷикистон амал мекунад, ки дорои 13 пирях мебошад.
Дар ин ҷо якчанд қуллаҳои баландкӯҳ мавҷуданд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ (қаблан қуллаи Коммунизм) – балантарин қулла дар Осиёи Марказӣ (7495 метр), қуллаи Корженевская (7105 метр) ва қуллаи Москвина (6785 метр). Барои кӯҳнавардони навомўз, инчунин қуллаҳои дастрас, ба монанди қуллаи Марғзор низ мављуданд. Сайёҳоне, ки дар моҳҳои июл-август ба Лахш меоянд, асосан кӯҳнавардон ҳастанд ва онҳо барои фатҳи қуллаҳо, тамошои пиряхи Федченко ва дигар манзараҳои зебои ноҳия ба ин ҷо меоянд.
Намуди варзиши велосипедронии куҳӣ низ дар Лахш бештар маъруфият пайдо намуда истодааст. Дар ин ҷо роҳҳои сатҳашон гуногун мавҷуданд, ки ҳам мутахассисони касбӣ ва ҳам дӯстдорони ин намуди варзишро ба худ ҷалб менамояд.
Барои дӯстдорони намудҳои варзиши экстремалӣ, ба монанди парапланеризм ва ҷампинг, Лахш имкониятҳои зиёде пешкаш мекунад. Дар ин ҷо метавон аз кӯҳ паридан ё болои манзараҳои кӯҳӣ бо параплан парвоз карданро метавон озмуд.
Ноҳия инчунин, бо чашмаҳои шифобахш бой аст. Масалан, дар 26 километр дуртар аз маркази ноҳия – деҳаи Ваҳдат – маҷмааи шифобахши Тандикул ҷойгир аст, ки бо хосиятҳои шифобахши худ машҳур аст. Обҳои шифобахши он барои табобати бемориҳои гуногун, аз қабили ҷигар, пӯст, асаб, ревматизм ва дигар бемориҳо истифода мешавад.
Дар Лахш 6 меҳмонхона ва 5 хонаҳои истиқоматӣ (хомстей) фаъолият мекунанд, ки барои меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Кӯҳнавардон метавонанд дар ҳуҷраҳои бароҳати «Майдони Москвина» зиндагӣ кунанд. Лагер дар минтақаи субалпӣ, дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр, дар пайвастгоҳи пиряхҳои Валтер ва Москвина ҷойгир буда, аз сабаби наздикии роҳ барои баромадан ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Корженевская пойгохи басо мувофиқ ба шумор меравад.
Дар Майдони Москвина кӯли хурде мавҷуд аст, ки аз чашмаҳо ғизо мегирад, 4 хаймаи дунафарӣ бо панелҳои гармидиҳӣ, ки маъмурияти лагер дар мавсими фаъолият дар онҳо ҷойгир мешаванд, 11 хонаи дунафарии чӯбин ва алюминӣ барои кӯҳнавардон ва сайёҳон, маркази дамгирӣ (павилион - ошхона), ҳаммом, сауна ва дигар иншоотҳо мавҷуданд. Ҳангоми зарурат хаймаҳои березентӣ насб карда мешаванд.
Инчунин, дар майдони Москвина майдони фурудгоҳи чархбол низ мавҷуд аст.
Дар айни замон ду тариқи расонидани одамон, ва бору маҳсулот ба майдони Москвина истифода бурда мешавад – бо чархбол аз шаҳри Душанбе (вақти парвоз – якуним соат дар як тараф) ё 350 километр роҳи мошингард аз шарқ, аз пойтахти ҷумҳурӣ дар масири дарёҳои Вахш, Сурхоб ва Муксу то деҳаи Депшар ва сипас, то нуқтаи ниҳоӣ, тавассути чаҳор гузаргоҳи кӯҳӣ.