Ҳисор – таърихи зиндаи тоҷикон
Таърих

Водии Ҳисор, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аз он Роҳи Бузурги Абрешим мегузашт, маълуму машҳур аст.
Зиндагӣ дар ин макон ҳанӯз дар даврони сангӣ, дар ҳазорсолаи IV-III пеш аз милод оғоз шудааст. Баъдан, водии Ҳисор ба ҳайати давлатҳои Бохтар, сипас ба ҳайати давлатҳои Юнону Бохтар ва Кўшониён дохил шудааст. Дар ин бора осори боқимондаҳои шаҳраку деҳаҳои қадимӣ, ки аз ҷониби бостоншиносон пайдо шудаанд, шаҳодат медиҳанд. Имрӯз бошад, аз онҳо танҳо хоктеппаҳои мудаввар бо номи «теппа» - «хандақ» - ҳо боқӣ мондаанд. Дар даврони ҳукмронии Хилофати Араб, аҳолии маҳаллӣ исломро қабул кард. Дар асрҳои 9-10, Ҳисор ба ҳайати давлати Сомониён дохил мешуд. Бори аввал ин минтақа бо номи «Ҳисор» дар асри XI зикр шудааст. Дар он вақт ин вожа ба маънои шаҳрчае маълум буд, ки дар он ҷо қӯшуни давлатӣ қарор дошта, дар зимн ҳунармандӣ, бозор рушд мекунад.
Дар асрҳои миёна Ҳисор ҳамчун шаҳр бо ҳунармандӣ ва бозорҳояш машҳур буд. Дар асрҳои XVIII – XIX Ҳисор ба бекигарии Ҳисор – яке аз 28 мулкҳои Аморати Бухоро табдил ёфт. Аз он замонҳо Қалъаи Ҳисор – маъруфтарин ёдгории мамнуъгоҳ боқӣ мондааст.
Дар аввали асри XX, баъди суқути аморат, Ҳисор ба ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дохил мешуд. Аз 9 сентябри соли 1991 Ҳисор ноҳия, баъдан – шаҳр дар ҳайати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гардид.
Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор

Дар Ҳисор ҳоло зиёда аз 87 ёдгории таърихӣ мавҷуданд, аз ҷумла, 8 ёдгории монументалӣ, 12 ёдгории меъморӣ ва 67 ёдгории бостоншиносӣ.
Яке аз ҷозибаҳои асосии сайёҳии Тоҷикистон – Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор дар масофаи 30 км дуртар аз Душанбе (4-5 км дуртар аз шаҳри Ҳисор) дар масоҳати тақрибан 86 гектар ҷойгир шудааст.
Ба ҳайати мамнуъгоҳ, ки ҳанӯз дар охири солҳои ҳаштодуми асри XX ташкил карда шуда буд, ёдгориҳои зерин дохил мешаванд:
1. Қалъаи Ҳисор бо арк (дарвоза). Дарвозаҳо дар асри XVI бунёд шуда, баъдан таъмир шудаанд.
2. Регистон (майдони назди қалъа).
3. Мадрасаи кӯҳна. Муассисаи таълимии асримиёнагӣ, ки дар асри XVI бунёд шуда буд. Масоҳати мадраса – 2250 м.
4. Мадрасаи нав.
5. Корвонсарой. Корвонсаройи хиштӣ соли 1808, дар замони ҳукмронии Саидбӣ Атолиқ сохта шуда, нақши меҳмонхонаро иҷро мекард.
6. Масҷиди «Чашмаи моҳиён». Дар асри VIII сохта шуда буд. Ду айвон ва бурҷи он дар асри XIV сохта шудаанд. Имрӯз зери намуди кӯҳнааш бозсозӣ шудааст.
7. Масҷиди «Сангин».
8. Мақбараи «Махдуми Аъзам». Яке аз ёдгориҳои таърихии асри XVI, ки дар болои қабри Хоҷа Муҳаммади Ҳайвокӣ бунёд шудааст. Масоҳати мақбара 609 м.
9. Осорхонаи таърихӣ. Дар бинои мадрасаи кӯҳна ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо тамоми номгўи ёдгорӣ ва нигораҳое, ки дар ҷараёни ҳафриётҳои гузаронидашуда дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ва берун аз он пайдо шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
Мавқеи махсусро маҷмӯи меъмории нодир, ки атрофи Қалъаи Ҳисор ташаккул ёфтааст, ишғол мекунад. Дар он ҷо қасри намояндаи Бухорои Шарқӣ, яке аз бекҳои бонуфузи Аморати Бухоро воқеъ буд. Намуди зоҳирӣ ва хусусиятҳои бунёдии дарвозаи Қалъаи Ҳисор ба аксарияти дарвозаҳои Бухорои асрҳои XVIII–XIX шабоҳат доранд.
Аз биноҳои бештар ҳифзшуда метавон мадрасаи кӯҳнаро (мадрасаи кӯҳнаи асрҳои XVI–XVII) – бинои порталӣ- қуббадор бо ҳавлии васеъ, ки дар дохили он ҳуҷраҳо, толори китобхона ва мадрасаи нав (мадрасаи нави асрҳои XVII–XVIII) ҷойгиранд, номбар кард.
Дар аввали асри XX, дар мадрасаи кӯҳна аз 100 то 150 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Тадрис дар мадраса соли 1921 қатъ гардид.
Дар ҷануби мадрасаи кӯҳна мақбараи Махдуми Аъзам - асрҳои XVI–XVII ҷойгир аст. Махдуми Аъзам дар тарҷума маънои «Ҳазрати Бузург» - ро дорад ва он на ном, балки унвон ё тахаллуси яке аз даъваткунандагони равияи динии «Нақшбандия» мебошад, ки дар ин маҳал таълимоти худро паҳн мекард.
Яке аз ёдгориҳои дигаре, ки диққати касро ба худ ҷалб мекунад, масҷиди гумбазии асрҳои XII–XVI - «Сангин» мебошад. Номи масҷид бо он вобаста аст, ки деворҳои он то нимаашаз санг сохта шудаанд. Хусусияти нодири ин бино дар он аст, ки дар сатҳи сохторҳои гумбазӣ чаҳор резонатор (резонанскунанда) мавҷуданд, ки дар шакли кӯзаҳои сафолии бедохил дар шакли ғафсии хиштҳо гузошта шудаанд. Резонаторҳо барои беҳтар намудани хусусиятҳои акустикии дохилии бино, ки дар он ҷо намозу мавъизаҳо гузаронида мешуданд, гузошта шудаанд.
Оид ба бунёди масҷиди «Сангин» ривояти маҳаллӣ низ маљуд аст. Тибқи ривоятҳо, сохтмони масҷиди «Сангин» дар асри VII бо амри халифаи одил Умар оғоз шудааст.
Сохтмони дигари ин маҷмаа – корвонсарой (меҳмонхона, манзили меҳмонон) бо номи «Хиштин» (ки маънои «хиштӣ»-ро дорад) мебошад. Корвонсарой, ки дар асрҳои XVII–XVIII сохта шудааст, қаблан аз осори парешон ва боқимондаҳои таҳкурсию деворҳои иборат аз хишти пухта ба баландии на зиёда аз як метр иборат буд. Дар дасти таъмиргарон танҳо як акси соли 1913, ки дар он корвонсарой дар шакли аслии худ сабт шуда буд, боқӣ мондааст. Пас аз омӯзишу таҳқиқи муфассали акс ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки чунин навъи сохтмонҳоро инъикос мекарданд, мутахассисон ба корҳои барқарорсозӣ оғоз карданд, ки натиҷаи онро имрӯз метавон дид.
Бо номи Қалъаи Ҳисор як қатор ривоятҳои мардумӣ алоқаманданд, ки аз нақлҳои сокинони маҳал бармеоянд. Аз ҷумла, қаҳрамонони машҳури асари ҷовидонаи Фирдавсӣ «Шоҳнома» – Рустам ва Афросиёб, ки гуё ҷангҳои байни онҳо дар ин маконҳо рух додаанд, ёдоварӣ мешаванд. Мувофиқи ривоятҳо, гўё Қалъаи Ҳисор аз ҷониби Афросиёб барои ҳимоя аз Рустам бунёд гардида буд.
Тибқи ривояти дигар гўё халифаи ростин Алӣ ба ин маконҳо ба савори аспаш Дул-дул барои таблиғи ислом омадааст ва дар кӯҳе, ки имрӯз номи Пои-Дул-дулро дошта, дар ғарби Ҳисор ҷойгир аст, қарор гирифтааст. Гўё ӯ аз кўҳ то қалъа расан кашида, ба мисли як дорбоз то қалъа мерасад, аммо ўро мешиносанд ва асир мегиранд. Барои озод шудан аз асорат, Алӣ аспашро фарёд мекунад, ки шамшери ӯ Зулфиқорро оварад. Бо ёрии ин шамшер ӯ ҳамаи душманонро, аз ҷумла, ҷодугари золимро, ки соҳиби қалъа буд, нобуд мекунад.
Барои расидан ба мамнуъгоҳи таърихию фарҳангӣ - осорхонаи зери осмони кушод, ки дар он осори моддии таъриху фарҳанги чандинсолаи халқи тоҷик маҳфуз аст, метавон аз шаҳри Душанбе ба деҳаи Ҳисор бо нақлиёти ҷамъиятӣ ё таксии хусусӣ расид. Баъдан, то худи қалъа имкон дорад бо нақлиёти мусофирбар ё пиёда рафт.
Назди қалъа, дар сояи ду чинори бузург, ки тақрибан 500–700 сол доранд, чойхонае ҷойгир шудааст, ки дар он дар ҳавои кушод метавон хӯрокҳои миллӣ истеъмол кард ва ташнагии худро бо чойи сабзи хушбӯй шикаст.
ТАБИАТ ВА ОСОИШГОҲҲО
Дар қисмати шимолии Ҳисор дараҳои кӯҳии басозебою нотакрор, дарёҳо бо оби булурӣ ва чашмаҳо бо оби софу шифобахш мавҷуданд.
Дар 25 километр шимолу ғарбтар аз шаҳри Душанбе, дар масофаи 9 километр шимолтар аз роҳи асосии Душанбе-Тирмиз, дар макони зебоманзар, дар миёни кӯҳҳои Ҳисор бузургтарин истироҳатгоҳ дар Тоҷикистон – «Шоҳамбарӣ» ҷойгир шудааст.
Таърихи «Шоҳамбарӣ» ва фаъолияти он соли 1952 оғоз ёфтааст. Санатория ҳанӯз он вақтҳо дар тамоми Тоҷикистон ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат пайдо карда буд.
Ин истирохатгох то имрӯз дар байни аҳолии маҳаллӣ ва меҳмонони Тоҷикистон маъмул аст. Дар ин ҷо имконияти истироҳат ва беҳтар кардани саломатӣ дар домани табиат дар тамоми сол мавҷуд аст –
ҳарорати оби минералии «Шоҳамбарӣ» аз +37 то +42 дараҷа С мебошад.
Дар санаторий 550 люкс-апартамент вуҷуд дорад, ки ба шарофати он дар як вақт ба беш аз 1000 нафар хизмат расондан мумкин аст.
Дар ин минтақа осоишгоҳҳои «Сатурн», «Сангчашма» ва «Фонтан -Шоҳамбарӣ» низ ҷойгиранд.
Чорводорӣ

Ҳисор бо зоти гӯсфандони худ машҳур аст. Қӯчқорҳои ҳисорӣ бузургтарин зоти сунъии қӯчқорҳоянд. Ин зот дар Осиёи Миёна, асосан дар Тоҷикистон паҳн шудааст. Зоти мазкур дар чарогоҳҳои кӯҳии Ҳисор бо роҳи селексияи халқӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ бо парвариши хоси худ - пурра иҳотакунии онҳо аз дигар намудҳо ва шароити махсуси табии парвариш фарқ мекунад. Қӯчқорҳои ҳисорӣ ҳатто аз «қӯчқори Линколн» калонтаранд. Қӯчқорҳои ҳисорӣ дар баландии гардан то 85 сантиметр ва гӯсфандон — то 80 сантиметр мерасанд. Умқи сандуқи синаашон ба ҳисоби миёна тақрибан 35 сантиметрро ташкил медиҳад.

Анъанаҳои косибии мардумӣ

Ҳунармандони Ҳисор аз қадимулайём намудҳои гуногуни матоъро месохтанд, бахусус, алочаи ҳисорӣ - "Абри Қаратоѓ", "Алочаи сиёҳкор", "Алољаи пӯсти мор" ва ғайра машҳур буд. Нақшҳое, ки дар ин матоъҳо кашида мешуданд, номҳои хос доштанд, аз қабили "Мортоб" — море, ки печутоб мехӯрад, "Дойрагул" — гули доирашакл, "Панҷа" — шакли панҷа ва дигар номҳо. Ҳунармандон то имрӯз анъанаҳои ҳунарҳои аҷдодии худро идома дода, матоъҳои аҷоиб ва қолинҳои дастӣ, ашёи сафолӣ, заргарӣ, асбобҳои мусиқӣ ва дигар чизҳоро месозанд.

Ҳама чиз барои меҳмонон

Заминҳои Ҳисор аз қадимулайём бо ҳосилхезӣ ва боғҳои зебои мевадиҳандаи худ машҳур буд. Таъми беназир ва бӯи хуши харбуза, тарбуз, зардолу, ангур, шафтолу сокинони шаҳр ва сайёҳонро дар бозори марказӣ ҷалб мекунад.

Барои иштиёқмандони таомҳои болаззат ва моҳидорон дар Ҳисор даҳҳо ҷойҳои махсуси истироҳатӣ сохта шудааст, ки дар он ҷо метавон вақти худро хуб гузаронда, таомҳои болаззати моҳӣ хӯрд. Таомҳои иштиҳооварро дар 7 тарабхона ва чойхона, инчунин дар дигар ошхонаҳои Ҳисор метавон чашид.
Шояд чойхонаи "Илҳом" дар маркази Ҳисор имрӯз яке аз маъруфтаринҳост. Барои чашидани «танӯркабоб» (таоме, ки дар оташдон дар танӯр омода мешавад), муштариён аз тамоми ҷумҳурӣ меоянд. Дар тарабхонаи "Шоми Саъдӣ" таомҳои шарқӣ ва ғарбӣ омода мекунанд. Хизматрасонӣ – 24 соат дар шабонарўзӣ.
Палави болаззат, таомҳои миллӣ «оши бурида», «хомшӯрбо», манту дар тарабхонаи "1001 шаб" пешниҳод мешаванд.
Дар назди қалъаи Ҳисор ба меҳмонон кабобҳои боллазат, дигар таомҳои гӯштӣ, шӯрбо ва салатҳои чойхона-ошхонаҳои «Шаршара» ва «Лаби дарё» пешниҳод мешаванд.
Чӣ тавр ба Ҳисор расидан мумкин аст

Ба шаҳри Ҳисор ду роҳ вуҷуд дорад. Якум тавассути Душанбе.
Зарур аст, ки аз фурудгоҳи Душанбе то шаҳраки 102 (дар самти дарвозаи ғарбии пойтахт) расед. Нархи такси аз фурудгоҳ то ин ҷо 3-4 доллар аст. Дар ин ҷо истгоҳи таксӣ ва мусофирбарҳо ҷойгир аст, ки ба самти Ҳисор ва дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳои самти ғарбӣ ҳаракат мекунанд.
Нархи як ҷой дар таксӣ тақрибан 1 доллар аст (дар соли 2024). Масофа аз шаҳри Душанбе то маркази Ҳисор 22 км мебошад.
Роҳи дуюм - тавассути шоҳроҳи Узбекистон-Тоҷикистон (наздик гузаргоҳи "Пахтаобод", ш. Турсунзода).
Масофа аз Турсунзода то маркази Ҳисор – 33 км мебошад. Нархи сафар тақрибан 1,5 доллар аст.
Ҳангоми расидан ба Ҳисор, меҳмонон метавонанд дар меҳмонхонаҳои "Усто Набот" ва "Даҳбед" бо нархи анъанавии паст – аз 200 то 400 сомонӣ дар як шабонарӯз барои як меҳмон ҷойгир шаванд.
ҲИСОР
Шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ШНТҶ)
Маркази маъмурӣ — шаҳри Ҳисор
Санаи таъсис — 29 январи соли 1932 (ноҳия)
Аҳолӣ — 333 000 нафар
Таркиби миллӣ — тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо
Таркиби мазҳабӣ — мусулмонони суннӣ
Масоҳат — 974 км²
Номҳои пешина — Шумон, Ҳисори Шодмон
Минтақаи вақт — UTC+5
Навъи иқлим — сахти континенталӣ
Шиносномаҳои рақамӣ
Рамзи телефон — +992 3139
Индекси почта — 735020
Домени интернетӣ — .tj
Рамзи рақами автомобилии минтақа — 07 РТ


This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website