Ба ёди Хоҷа Хотами Асом…
Дар наздикии ёдгории Қалъаи сангин қабристони бузурги асримиёнагие аст, ки дар он мазори Хоҷа Абу Абдураҳмон Хотам ибни Асом ҷойгир аст. Ӯ шогирди суфии машҳур Шақиқи Балхӣ буд, ки дар соли 852 дар Вашгирд вафот кардааст. Абдураҳмон Хотам соли 763 дар Балх таваллуд шудааст. Соли 810 ӯ ба Вашгирд (ҳоло Файзобод) омада, ин маконро барои иқомат интихоб менамояд. Аз худи Хоҷа Хотам ягон мероси хаттӣ ба мо нарасидааст, аммо пораҳои парокандаи манбаъҳои гуногун собит менамояд, ки ӯ як зоҳиди бузург ва олим буд. Фаридуддин Аттор дар китоби худ «Тазкират-ул-авлиё» навиштааст: «Он зоҳиди машҳури замон, он инсони нодир, он уқоб, Хотами Асом яке аз устодони бузург буд». Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари худ «Нафаҳот-ул-унс» чунин навиштааст: «Хотам ибни Асом( а.с.) аз ҷумлаи авлиёҳост. Ӯ аз аҷдоди шоҳони Хуросон ва аз мардуми Балх аст». Мавлавӣ Ғуломсарварӣ аз Лоҳур низ дар асари худ «Хазинат-ул-асфиё» навиштааст: «Хотам Асом дар байни устодони бузурги Хуросон дар тасаввуф, риёзот, адабиёт, шафқату некандешӣ беназир буд». Хоҷа Хотам Асом дар соли 852 вафот кардааст. Мақбараи Хоҷа Хотам дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод воқеъ буда, дар асри 16 аз хишти пухта сохта шудааст. Он чанд сол пеш, ба шарафи 1100-солагии давлати Сомониён таъмир карда шуда, имрӯз ба зиёратгоҳи мардуми зиёди кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.